Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

КОРМАНДИ ОҶОНСИРО БО АФЮН ДАСТГИР КАРДАНД



Сафаргул Олимӣ



Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 7 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин вазорат сардори бахши панҷакентии Оҷонсии назорат бар маводи мухадираро бо беш аз 30 кило афюн боздошт карданд.

Худойназар Асозода, сухангуи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гуфт, ҳангоми бозрасӣ аз дохили мошини подполковник Холиқ Зокиров дар шаҳри Хуҷанд 24 кило афюн ёфт шуд, боқимондаи маводи мухаддиро дар хонаи номбурда пайдо карданд.

Ин барои нахустин бор аст, ки як корманди баландрутбаи оҷонсӣ бо миқдори хеле бузурги маводи мухаддир дастгир мешавад. Ахиран корманди дигари ин оҷонсӣ Ихтиёр Холматов низ бо 300 грамм маводи ҳероин боздошт шуда буд. Нисбати Холиқ Зокиров - сардори бахши панҷакентии Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG