Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШАБАКАИ НАВИ ТЕЛЕВИЗИОН ТАШКИЛ МЕШАВАД



Абдуқайюми Қайюмзод



Дар Тоҷикистон шабакаи дуввуми телевизиони сартосарии кишвар ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Убайдулло Раҷабов, раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон рузи сешанбе бо тасдиқи ин хабар дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ афзуд, дар ҳоли ҳозир вазоратҳо ва кумитаҳои зирабти кишвар ҷиҳати таъсиси шабакаи дуввуми сартосарӣ омодагӣ мегиранд. Оқои Раҷабов таъкид кард, ки ин масъала, яъне таъсиси шабакаи дуввуми сартосарӣ телевизиони давлатӣ усулан ҳал шудааст.

Масъулини Кумитаи давлатии радио ва телевизиони кишвар мегуянд, таъсиси шабакаи дуввуми телевизион бо пешниҳоди онҳо ва бо мусоидати ҳукумати кишвар сурат гирифтааст ва интизор меравад ин шабака дар арафаи ҷашни Наврузи соли ҷорӣ ба пахши барномаҳои худ шуруъ кунад.

Муҳаммад Ғоиб, муовини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон дар робита ба зарурати таъсиси шабакаи дуввуми телевизионӣ дар кишвар гуфт, азбас равобити Тоҷикистон бо кишварҳои дунё руз то руз афзоиш меёбад ва на ҳама вақт имкони инъикоси ахбору навигариҳо аз тариқи танҳо як шабака даст медиҳад, ташкили шабакаи дуввуми сартосарӣ як амри табиӣ мебошад.

Бар пояи маълумоти масъулини Кумитаи давлатии радио ва телевизион, барои ташкили шабакаи дуввуми сартосарӣ аз лиҳози таъминот бо мутахассисони фаннӣ ва кормандони эҷодӣ низ ҳеҷ гуна мушкилот пеш нахоҳад омад. Танҳо мушкилоте, ки ҳамин ҳоло мавриди баррасии ниҳодҳои зиддахли ҳукуматӣ қарор дорад, дарёфт ва такмили маблағ мебошад.

Гуфта мешавад, шабакаи дуввуми телевизиони сартосарии кишвар умдатан ба пахши барномаҳои иттиллотиву фарҳангӣ ва варзишиву тафреҳӣ машғул хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG