Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ДАВЛАТ АЗ АҲЗОБ БОҶРО ЗИЁДТАР МЕСИТОНАД



Абдуқайюми Қайюмзод



Аз якуми январи соли 2004 боҷ ва ё ҳаққи сабти номи аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт. Масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ин тағйирот дар асоси тарҳи "Қонун дар бораи боҷи давлатӣ", ки дар ҳоли ҳозир дар Маҷлиси Намояндагон мавриди баррасӣ қарор дорад ва афзоиши ҳадди аққали музди маош дар кишвар сурат мегирад.

Давлат Сулаймонов - сардори раёсати сабти номи созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии вазорати адлияи Тоҷикистон - дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан маоши ҳадди аққал дар кишвар ба панҷ сомонӣ мусовӣ буд. Ва азбас ҳадди аққали маош дар кишвар тағйир ёфтааст, боҷи давлатии сабти номи ашхоси ҳуқуқӣ созмонҳои ғайриҳукуматӣ, байналмиллалӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ ба он мувофиқ карда мешавад.

Аммо Раҳматулло Валиев - узви раёсати Ҳизби Демократии Тоҷикистон - гуфт, афзоиши маблағи сабти номи аҳзоби сиёсӣ аз 2500 сомонӣ то 3500 сомонӣ як навъи эҷоди монеа дар роҳи ба расмият даровардани аҳзоби сиёсӣ мебошад. Оқои Валиев афзуд, дар сурате, ки ба маоши ҳадди аққал ҳамагӣ ду сомонӣ илова мешавад, то ҳазор сомонӣ афзудани боҷи сабти ҳизби сиёсӣ қобили қабул нест.

Аммо Давлат Сулаймонов - масъули вазорати адлияи Тоҷикистон - гуфт, афзоиши маблағи боҷи давлатӣ ҷиҳати сабти номи аҳзоби сиёсӣ танҳо бар пояи муқаррароти пешбиникардаи қонунҳо сурат мегирад ва ин амалро набояд маҳдудсозӣ ва ё фишори сиёсӣ аз ҷониби ҳукумат донист.

XS
SM
MD
LG