Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РАИСИ ҶУМҲУР СУХАНГУИ НАВ БАРГУЗИД



Мирзонабии Холиқзод



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо судури як фармон сухангуи худ Зафар Саидовро раиси хабаргузории давлатии "Ховар" таъйин намуд. Раиси пешини хабаргузории мазкур Набиҷон Каримов рузи 9 декабр бар асари бемории саратон дар синни 56-солагӣ даргузашт. Зафар Саидов аз соли 1995 ба ин тараф ба ҳайси сухангуи раиси ҷумҳур ифои вазифа мекард.

Бар асоси фармони раиси ҷумҳур, раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури ҷавонон, фарҳанг ва илм Абдуфаттоҳ Шарипов котиби матбуоти президент таъйин карда шуд.

Ҳамчунин бар асоси ҳамин дастур корманди дигари дафтари матбуоти раиси ҷумҳур Абдумаҷид Усмонов ба кори дигар гузаронида шуд. У, ки аслан аз сафарҳои президент Раҳмонов ба манотиқ ва хориҷи кишвар гузориш таҳия мекард, акнун ба ҳайси хабарнигор дар телевизион ифои вазифа мекунад. Хабарнигори собиқи телевизион Садриддин Шамсиддинов акнун вазифаи Абдумаҷид Усмоновро иҷро мекунад.

XS
SM
MD
LG