Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тифли нав ба дунё меорад



Абдуқайюми Қаюймзод

Аммо таҳлилгарони тоҷик мегуянд, ин тифл норасид хоҳад буд.

Нишасти ҳафтуми дабирони Шӯрои амнияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ бо пешниҳод дар мавриди таъсиси як маркази мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кори худро поён дод.

Владимир Рушайло дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, дар ин нишаст як гурӯҳи кории иборат аз мутахассисон созмон дода шуд ва ин гурӯҳ масъалаи таъсиси марказ ва масрафоти молии онро баррасӣ намуда, дар ояндаи наздик маълум мекунад.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба хотири намоиши мавҷудияти худ дар баробари фаъол гаштани созмони Шанхай ва паймони НАТО дар минтақа даст ба иқдомоте задааст, ки гумон аст, аз ӯҳдаи иҷрои он барояд.

Таҳлилгарони тоҷик бар ин назаранд, ки созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ танҳо ба ин далел, ки кишварҳои аъзояш дучори мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ҳастанд, наметавонад, дар мубориза бо терроризми байналмиллалӣ ва дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир муваффақ шавад.

Султони Ҳамад коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, вақте сухан аз қочоқи маводи мухаддир ва ташкили як маркази мубориза бо он меравад бидуни ҳузури кишварҳое, ки бевосита ба ин мушкилот ру ба ру ҳастанд, чизе гуфтан мушкил аст: "Дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мубориза бурдан бо терроризми байналмиллалӣ ва қочоқи маводи мухаддир чӣ гуна метавонад самарабахШ бошад, вақте ки дар он ҷо кишварҳои асосии минтақа Узбакистон, Туркманистон ва бахусус Афғонистон ширкат намеварзанд. Ҷумҳуриҳои Узбакистон ва Туркманистон, ки мисли Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва маълум аст, ки қочоқи маводи мухаддир аз тариқи марзи онҳо низ сурат мегирад. Фикр мекунам, ки мубориза бурдан алайҳи қочоқи маводи мухаддир ширкати намояндаҳои Афғонистон дар ин нишастҳо хеле зарур аст."

Ба назари коршиносон Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоле ки афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз солҳои пешин чанд маротиба афзудааст, маҳз имрӯз мехоҳад як марказ таъсис диҳад. Латиф Ҳадязода - сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд таҳким ва тақвияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ яке аз аҳдофи аслии Русия ба манзури таҳти нуфуз нигоҳ доштани манотиқест, ки барои Маскав аз лиҳози стратегӣ ва геополитикӣ муҳиманд. Аммо оқои Ҳадязода бо ишора ба мушкилоти пешомада дар роҳи ҳамкориҳои низомии Русия ва Тоҷикистон гуфт: "Ман гумон намекунам, ки Русия битавонад аз нав дар ин минтақаҳо нуфузи худро мустаҳкам созад, тавре дар давраи собиқ шуравӣ буд, чунки аз соли 1999 ба ин тараф Русия то ба ҳол натавонистааст, ки масъалаҳои пойгоҳҳои низомиаш дар Тоҷикистонро ҳал карда натавонистааст. Маълум нест, ки он кай ҳал мешавад. Ҳамчунин масъалаи Неруҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон то ҳол ҳаллу фасл нагардидаанд. Шояд ин нишаст асноде қабул кард, асноди декларативӣ вале ба андешаи ман Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гумон аст, ки дар ояндаи наздик ба як созмони тавоно табдил ёбад."

Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 1992 ба думболи фурӯпошии шуравии собиқ дар Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон таъсис ёфт. Вале баъдан Ӯзбакистон кишваре, ки мизбони муассисони ин паймон буд, дар соли 1999 ҳамроҳ бо Озарбойҷон ва Гурҷистон ба нишони эътироз аз нокифоягӣ дар фаъолиятҳои он аз ҳайъати паймон хориҷ шуданд. Дар нишасти Душанбе низ ҳарчанд Ӯзбакистон ва Туркманистон даъват шуда буданд, аммо бо далоили номаълум намояндагони ин кишварҳо ҳузур надоштанд.

XS
SM
MD
LG