Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба Тоҷикистон 25 милён юан медиҳад



Мирзои Салимпур



Ҳукумати Чин барои рушди соҳоти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон як кумаки билоиваз ба маблағи 25 милён юан, муодили каме бештар аз 3 милён долларро дар ихтиёри Душанбе мегузорад. Созишномаро дар ин бора вазири тиҷорати Тоҷикистон Ҳаким Солиев бо сафири Чин дар Душанбе У Хунбин имзо намуд.

Мушовири сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон дар умури иқтисод ва тиҷорат Тсин Юйлун ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки давлати Чин ҳамасола чунин кумакҳоро ба Тоҷикистон ироа мекунад. Мавридҳои сарфи ин маблағҳоро Чину Тоҷикистон, ба гуфтаи мушовири сафорат, муштаракан таъйин мекунанд.

XS
SM
MD
LG