Пайвандҳои дастрасӣ

Киев маҳбусони тоҷикро ба Душанбе месупорад



Тоҳири Сафар



Тоҷикистон ва Украина тарҳи муқаддамотии созишномаи байнидавлатии супурдани зиндониён ба ҳамдигарро таҳия карда, дар матни он низ ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилоъи вазорати адлияи Украина, тарҳи созишнома ҳангоми нишасти коршиносони ду кишвар, рузҳои 25 - 27-уми ноябр дар шаҳри Киев мувофиқа шудааст.

Ба гуфтаи муовини вазири адлияи Украина Лидия Горбунова, санади мазкур таҳвили маҳбусонеро дар назар дорад, ки мехоҳанд, идомаи ҳукмро дар зиндони ватани худ адо намоянд. Таҳвили зиндонӣ танҳо дар он ҳолат сурат мегирад, ки агар маҳбус ва ё ягон хешованди он ба мақомоти маҳбас бо чунин ариза муроҷиат кунад.

Лидия Горбунова гуфтааст, коршиносони ду кишвар аҳд кардаанд, ки созишномаи мазкурро барои имзо дар сатҳи давлатӣ рузҳои наздик омода мекунанд.

XS
SM
MD
LG