Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Искандаров аз мақомаш барканор шуд



Раҳматкарими Давлат



Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхонаи воҳиди "Тоҷикгаз"- ро баррасӣ намуда, кори онро ғайриқаноат бахш ҳисобидааст ва ба дунболи он Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси ширкати "Тоҷикгаз"- ро аз мақомаш барканор кардааст.

Дар иҷлосияи ҳукумати Тоҷикистон, ки шоми рузи ҷумъа, 28 ноябр бо ширкати раисиҷумҳур баргузор гашт, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи хилофкориҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти "Тоҷикгаз" ва ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Нафтрасон" маълумот додааст.

Бино ба ахбори то кунун мавҷуд, мақомоти ширкати "Тоҷикгаз" дар ҷамъоварӣ накардани қарзҳои ин корхона аз корхонаҷот ва аҳолӣ, ғайримақсад истифода кардани маблағҳои корхона ва ақди қарордодҳои барои Тоҷикистон зиёновар бо ширкатҳои хориҷӣ муттаҳам карда мешаванд.

Дар қатори Муҳаммадрузӣ Искандаров ҳамчунин тамоми муовинони у дар ширкати "Тоҷикгаз" аз масъулият барканор шудаанд. Оқои Искандаров инчунин раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон низ мебошад ва дабири кулли ҲДТ Раҳматулло Валиев мегуяд, барканории Муҳаммадрузӣ Искандаров як қарори сиёсӣ мебошад: "Вақтҳои охир нисбати он ки оянда президенти ҷумҳурӣ кӣ шуда метавонад, яке аз чеҳраҳо, ки бараъло нишон дода мешуд, ин раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрузи Искандаров буд. Баромадҳои у низ ба ҳукумати Тоҷикистон маъқул набуд. Қатъ кардани чопи нашрияи "Рузи нав" ва барканор кардани Муҳаммадрузӣ Искандаров қадамҳои дигари буғӣ кардани демократия дар Тоҷикистон аст."

Муҳаммадрузӣ Искандаров яке аз фармондеҳони собиқи нируҳои мухолифини тоҷик дар замони ҷанги дохилӣ бар асоси саҳмияи сидарсада дар ҷараёни иҷрои тавофуқномаи сулҳ ба унвони раиси кумитаи давлатии вазъи фавқуллода вориди ҳукумат шуд. Аммо баъдтар замоне, ки ҳукумат мақоми ваъданамудаи вазорати дифоъро ба мухолифин вогузор накард, кумитаи вазъи фавқуллодаро ба вазорати фавқуллода табдил ва Мирзо Зиёев, номзади мухолифони исломиро ба вазорати дифоъ, ба унвони вазири умури фавқуллода таъйин кард.

Барканории Муҳаммадрузӣ Искандаров аз мақомаш ва ба ҷойи у таъйин намудани шахси дигаре аз мухолифин, ки бо мувофиқати роҳбари мухолифини пешин сурат мегирифт, боиси аз мухолифини исломгаро канорагирии оқои Искандаров шуд. Ва у баъди иҷозаи фаъолият пайдо кардани аҳзоби мухолиф дар соли 1999 ба унвони раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон интихоб шуд.

ҲДТ дар интихоботи парлумонии соли 2000 ба маҷлис роҳ наёфт ва дар соли равон раъйгирӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосиро, ки ба шахси Раҳмонов иҷоза медиҳад, дигарбора номзади раиси ҷумҳур бошад, таҳрим кард.

Муҳаммадрузӣ Искандаров аз ҳар гуна ташреҳи иқдоми раиси ҷумҳур нисбати у ва барканор шуданаш худдорӣ мекунад. У дар ҳоле аз мақомаш барканор мешавад, ки ҲДТ дар охирин анҷуманаш дар 5 моҳи пеш худро дар мавқеъи шарикӣ ва ҳамкорӣ бо ҳукумат эълон карда буд. Дар ҷаласаи рузи ҷумъа ҳукумати Тоҷикистон ба додситонӣ дастур додааст, ки нисбат ба амалкарди корхонаи "Тоҷикгаз" парвандаи ҷиноӣ боз кунад.

XS
SM
MD
LG