Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Коммунист таъхирро дуст намедорад



Мирзонабии Холиқзод



Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намояндагон, сарвари фраксияи ҳизб дар парлумони Тоҷикистон рузи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, фраксияи Ҳизби Коммунист ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки тарҳи нави қонуни интихобот дар роҳи пешниҳод ба баррасӣ ва муҳокимаи вакилони Маҷлиси Намояндагон ба таъхир афтад.

Ба гуфтаи оқои Шабдолов, аз ҳоло масъалаи қабули ин қонун аз тарафи вакилон дар пешоруи ду интихоботи муҳими сиёсӣ дер шуда истодааст, вале то кунун вакилон ба муҳокимаи ин тарҳ шуруъ накардаанд.

Масъалаи баррасии тарҳи нави қонуни интихобот дар нишасти навбатии Шурои ҷамъиятии ҷумҳурӣ, ки раиси он президент Эмомалӣ Раҳмонов лидери Ҳизби Халқӣ-Демократӣ мебошад, баррасӣ шуд. Дар ин ҳамоиши Шурои ҷамъиятӣ ходимони масъули бахши аҳзоби дастгоҳи раёсати ҷумҳур намояндагони аҳзоби сиёсӣ, коршиносон ва таҳлилгарон ширкат доштанд.

Намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки қабули тарҳи нави қонуни интихобот аз тарафи парлумон махсус ба таъхир гузошта мешавад. Зеро пас аз баррасии панҷмоҳаи комиссияи махсуси байналмиллалӣ тасҳеҳ ва тағйирот ба 90 дар сади моддаҳои ин қонун сурат гирифтааст. Коршиносон мегуянд, агар интихоботи оянда бар асоси қонуни нави интихобот сурат нагирад, ҳатман тақаллуб дар онҳо роҳ хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG