Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрвандони тоҷик дар зиндони Гуантанамо чӣ кор мекунанд?



Абдуқайюми Қайюмзод

Ҳукумати Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостааст, асирони тоҷикро ба Душанбе истирдод кунад.

Бо гузашти як моҳ аз дархости Тоҷикистон дар мавриди сарнавишти асирони тоҷик дар Гуантанамо ҳукумати Амрико ҳеҷ гуна вокуниш нишон надодааст.

Салоҳиддин Насриддинов - муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон - рузи чоршанбе, 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорати хориҷаи кишвар як моҳи қабл ба унвони сафорати Амрико дар Тоҷикистон як ёддошт ирсол ва дар зимн истирдод ва ҷиҳати тафтиш ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супоридани асирон тақозо шуда буд. Вай афзуд, то ҳол ҳукумати Амрико ба номаи вазорат посух надодааст.

Ва аммо сафири Амрико дар Тоҷикистон, Ричард Ҳоугланд ҳангоми дидораш дар охири ҳафтаи гузашта бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки вай аз сарнавишти асирони тоҷики муқими Гуантанамо маълумоти тозае дар даст надорад: "Мо дар ин мавзуъ бо президент таври мухтасар суҳбат доштем. Ман маълумотро дар ин бора ба наздикӣ дарёфт мекунам ва он маълумотро ба раиси ҷумҳур хоҳам расонд. Ҳоло чизе бештар дар ин маврид гуфта наметавонам."

Салоҳиддин Насриддинов - муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон - гуфт, чанде қабл як ҳайъат аз намояндагони ниҳодҳои амниятӣ, ҷиҳати ошноӣ бо шароити шаҳрвандони асири тоҷик, ки аз ёздаҳ нафар иборат будаанд, аз зиндони Гуантанамо дидан кард ва ҳама асноду ҳуҷҷатҳои онҳоро омухт.

Ҷаноби Насриддинов ба истинод ба маълумоти ҳамин ҳайъат гуфт, ки вазъи сиҳатии асирони тоҷик дар Гуантанамо хуб мебошад. Вале оқои Насриддинов дар мавриди синну соли асирон, аъзои кадом ҳизб ва ё гуруҳ ва ҳамчунин аз кадом ноҳия будани онҳо маълумот надод.

Бар асоси маълумоти Додситонии Кулли кишвар, се нафари ин асирон аз ноҳияи Исфара воқеъ дар шимоли кишвар мебошанд. Ва аммо тибқи иттилоъи як манбаи ғайрирасмӣ, бархеи ин асирон афроди мансуб ба гуруҳи Мулло Абдулло, як тан аз фармондеҳони собиқи Неруҳои мухолифи тоҷик мебошанд, ки шароити сулҳи умумии тоҷиконро напазируфта, баъдан ҳамроҳ бо ҳаводоронаш ба Афғонистон гузашт ва якҷо бо гуруҳи Толибон алайҳи нируҳои Эътилофи байналмилаллии зиддитерористӣ вориди ҷанг шуд.

Мақомоти Тоҷикистон бар ин боваранд, ки дар асоси як созишномаи байниҳукуматӣ "Дар бораи супоридани ашхос ба Додгоҳи байналмилаллии ҷиноӣ ", ки соли гузашта миёни ҳарду кишвар ба имзо расидааст, ҳукумати Амрико асирони тоҷикро ба Тоҷикистон таслим хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG