Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони Сангтударо Эрон ба уҳда гирифт



Раҳматкарими Давлат



Қарор аст, рузи ҷумъаи 28 ноябр вазири иқтисод ва дороии Эрон ба манзури имзои қарордоди миёни Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи анҷоми сохтмони неругоҳи барқи обии Сангтуда ба Душанбе биояд. Интизор меравад, бо имзои ин санад тавофуқи ду ҷониб дар бораи идомаи сохтмони ин неругоҳ ва сармоягузории Эрон дар он ниҳоӣ шавад.

Бар асоси тавофуқи миёни мақомоти ду кишвар, ки дар моҳи июн дар Теҳрон ба имзо раисдааст, ҷониби Эрон бар асоси ташкили як консорсиум сохтмони комили неругоҳи Сангтударо бар уҳда гирифта буд.

Муҳаммадсаид Шамсуллоев, раиси идораи сохтмони ниругоҳи Сангтуда, ки саргарми таҳияи аснод ба ин хотири ниҳои шудани созишнома мебошад, гуфт интизор дорад, бо имзои ин санад аз моҳи оянда кори амалӣ дар ниругоҳи Сангтуда оғоз шавад. Оқои Шамсуллоев гуфт, то кунун коршиносони ду ҷониб дар ин замина натиҷаи тамоми муҳосиботро ба мақомот ироа кардаанд.

Ҷониби Эрон, ки сохтмони Сангтударо бар душ гирифтааст, барои анҷоми ин барнома истифодаи сармоягузории худи ин кишварро дар ҳаҷми 150 миллион доллар ваъда кардааст ва боқимиондаи ин маблағ барои анҷоми сохтмони неругоҳ бояд аз ҷониби ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва ё бонкҳо пардохт шавад, ки масъулияти гирифтан ва бозпардохти ин қазҳоро бар асоси шароити консорсиум ҷониби Эрон бар уҳда хоҳад дошт.

Тоҷикистон ба далели канда шудан аз ҳалқаи бузурги шабакаи барқии шуравии собиқ, хусусан дар зимистон ва баҳор гирифтори мушкилот ва норасоии нируи барқ мешавад. Ниругоҳи барқи Сангтуда дар ҷануби Тоҷикистон, дар сурати роҳ афтодан, солона то 670 мегават неруи барқ тавлид мекунад.

XS
SM
MD
LG