Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнониҳо дар Тахти Сангин иқомат доштаанд



Нурмуҳаммади Холзода



Бино ба хабари "Итар Тасс", баъд аз истеъмори соли 327-и то милод юнониҳо ду қарн дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳраки қадимии Тахти Сангин иқомат кардаанд.

Ин нуктаро Анҷела Дружинина-корманди илмии Пажуҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон бо назардошти ҳафриёте, ки соли ҷорӣ анҷом гирифт, изҳор доштааст.

Дар ҷараёни ин ҳафриёт бостоншиносони тоҷик ҷоми бузурги сангин пайдо кардаанд, ки дар руи он ҷуфти ғизолону шерон ва салиб ҳак шудааст. Ин аксҳо нишонаҳое аз анъанаҳои мардуми Бохтар аст, ки барои омузиши тамаддуни истеъморгарони юнонӣ дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG