Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе ва Хуҷанд тазоҳурот кардаанд



Маъсум Имомов



Гуруҳи тақрибан 50 нафараи сокинони Хуҷанд субҳи 21 ноябр соати 9 дар маркази шаҳр тазоҳурот кардаанд. Бино ба иттилоъи расмии ҳукумати вилояти Суғд, гуруҳи сокинони Хуҷанд умдатан занону ҷавонон наздик ба бинои ҳукумати вилояти Суғд гирди ҳам омада, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Узбакистон ва таъқибу муҷозот ва қатли мусулмонони ин кишвар бо иттиҳоми тундгароии мазҳабӣ суханронии эътирозӣ намуданд.

Ширкатдорони гирдиҳамоии Хуҷанд сиёсати президенти Узбакистон Ислом Каримовро дар заминаи поймол намудани ҳуқуқи инсон дар кишвараш, ба шадидтарин лаҳн мавриди интиқод қарор додаанд. Як сокини Хуҷанд, ки аз тазоҳурот дидан карда, нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як зани хуҷандӣ - ширкатгари тазоҳурот гуфтааст, шавҳари у бо иттиҳоми узвият дар ҳаракати "Ҳизб-ут-таҳрир" аз ҷониби мақомоти амниятии Узбакистон дар он кишвар боздошт ва зиндонӣ шудааст.

Ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ҳадафи аслии тазоҳургарон дар Хуҷанд даъват аз давлати Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид барои ҷилавгирӣ аз таъқибу муҷозоти мусулмонон дар Узбакистон мебошад. Тазоҳургарон аз ҳукумати Суғд тақозо кардаанд, ки ин талаби онҳо ба СММ ва ҳукумати Тоҷикистон расонида шавад.

Тазоҳургарон баъди гирдиҳамоӣ дар маркази Хуҷанд бо шиорҳо бо мазмуни талабҳои худ суи бинои ҳукумати вилояти Суғд ҳаракат кардаанд. Аммо ба далели надоштани иҷозаи тазоҳурот, онҳоро маъмурони интизомӣ пароканда кардаанд. Шоҳидон мегуянд, иддае аз занон ҳиҷобпуш будаанд.

Хабаргузории "Франс Пресс" иттилоъ дод, ки субҳи 21 ноябр дар назди бинои парламенти Тоҷикистон 15 зани эътирозгар ба ҳабс гирифта шуданд. Ба қавли хабаргузорӣ, онҳо хешу наздикони ашхоси бо иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир" ҳабсшуда, мебошанд.

XS
SM
MD
LG