Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари печидан ба СПИД кам намешавад



Мирзонабии Холиқзод



Аъзам Мирзоев, раиси маркази давлатии мубориза бо СПИД рузи сешанбе, 18 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, теъдоди гирифторон ба ангезаҳои ин беморӣ дар Тоҷикистон аз омори расмии вазорати тандурустӣ хеле бештар аст.

Вазири Тандурустии Тоҷикистон ахиран ба хабаргузориҳо гуфт, дар ин кишвар 119 нафари мубтало ба ангезаҳои СПИД ба қайд гирифта шудааст. Вале Аъзам Мирзоев, раиси маркази давлатии мубориза бо СПИД мегуяд, дар сартосари Тоҷикистон танҳо як нафар гирифтори бемории СПИД буда, аммо теъдоди сироятёфтаҳо ба ангезаҳои ин беморӣ дар кишвар дар ҳоли афзудан аст.

Аъзам Мирзоев афзуд: " 119 нафар фақат онҳое ҳастанд, ки расман ба қайд гирифта шудаанд. Аммо мувофиқи баҳодиҳии мутахассисони байналмилалӣ ин шумора то 10 маротиба ва дар баъзе минтақаҳои аҳолинишин то 20 маротиба зиёд шуданаш мумкин аст."

Оқои Мирзоев мегуяд, то кунун танҳо дар шаҳри Хуҷанд дастгоҳи ташхиси ин беморӣ вуҷуд дошт ва аз вазъи ин беморӣ танҳо аз ҳамин як минтақаи Тоҷикистон иттилоъ дода мешуд. Аммо се моҳ қабл аз ҷониби Бунёди Ҷаҳонии Беҳдошт дар вилоятҳо ва дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе чунин ташхисгоҳҳо таъсис дода шуд. Ҳамакнун 13 ташхисгоҳи бемории СПИД дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар пай маълум гашт, ки вазъи воқеъӣ дар манотиқи кишвар ба гунаи дигартар будааст.

Тафсилоти мавзуъ дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG