Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПИД ба руи Тоҷикистон ҳам соя меафканад



Мирзонабии Холиқзод

Шумораи воқеъии гирифторони ин беморӣ ва ангезандаҳои он дар Тоҷикистон дақиқ маълум нест.

Аъзам Мирзоев, раиси маркази давлатии мубориза бо СПИД рузи сешанбе, 18 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, теъдоди гирифторон ба ангезаҳои ин беморӣ дар Тоҷикистон аз омори расмии вазорати тандурустӣ хеле бештар аст.

Вазири тандурустии Тоҷикистон ахиран ба хабаргузориҳо гуфт, дар ин кишвар 119 нафари мубтало ба ангезаҳои СПИД ба қайд гирифта шудааст. Вале Аъзам Мирзоев, раиси маркази давлатии мубориза бо СПИД мегуяд, дар сартосари Тоҷикистон танҳо як нафар гирифтори бемории СПИД буда, аммо теъдоди сироятёфтаҳо ба ангезаҳои ин беморӣ дар кишвар дар ҳоли афзудан аст.

Аъзам Мирзоев афзуд: " 119 нафар фақат онҳое ҳастанд, ки расман ба қайд гирифта шудаанд. Аммо мувофиқи баҳодиҳии мутахассисони байналмилалӣ ин шумора то 10 маротиба ва дар баъзе минтақаҳои аҳолинишин то 20 маротиба зиёд шуданаш мумкин аст."

Аз шарҳи раиси маркази мубориза бо СПИД рушан мегардад, ки агар гирифторони ангезаҳои СПИД аз нишондади расмӣ то 10 - 20 маротиба бештар бошанд, пас теъдоди онҳо на камтар аз 1000 нафар аст.

Оқои Мирзоев мегуяд, то кунун танҳо дар шаҳри Хуҷанд дастгоҳи ташхиси ин беморӣ вуҷуд дошт ва аз вазъи ин беморӣ танҳо аз ҳамин як минтақаи Тоҷикистон иттилоъ дода мешуд. Аммо се моҳ қабл аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар вилоятҳо ва дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе чунин ташхисгоҳҳо таъсис дода шуд. Ҳамакнун 13 ташхисгоҳи бемории СПИД дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар пай маълум гашт, ки вазъи воқеъӣ дар манотиқи кишвар ба гунаи дигартар будааст.

Тибқи иттилои маркази мубориза бо СПИД се омили асосии афзояндаи ангезаҳои ин беморӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад: Аввал, муҳоҷирати бенизоми ҷавонон ба Русия ва кишварҳои дигар. Дуввум, Густариши истеъмолкунандагони ҳероин ва анвои дигари маводи мухаддир. Ва сеюм афзоиши танфурушии занону духтарони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар.

Бар асоси таҳқиқоте, ки созмонҳои байналмилалии беҳдоштӣ ва ниҳодҳои тандурустиии Тоҷикистон дар ин кишвар анҷом додаанд, СПИД ба вазъи беҳдоштии ин кишвар ҳамчунон таҳдид мекунад.

Аъзам Мирзоев дар ин бора мегуяд: "Таҳдиди вируси норасоии масъунияти бадан имруз дар Тоҷикистон чун дар дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимол чандон дур нест. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки шароити бади иқтисодии шаҳрвандони мо, рафтуомади зиёд (ман дар назар дорам ҷавонони моро, ки дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар кор мекунанд), миқдори зиёди ҷавонони муътод ба нашъамандӣ ва духтарони зиёди танфуруш, инҳо гуруҳҳои осебпазире ҳастанд, ки бештар аз дигарон метавонанд, гирифтори ин беморӣ шаванд."

Ва аммо дар баробари таҳдиди СПИД Тоҷикистон ва ниҳодҳои беҳдоштии он барои ҷилавгирӣ аз афзоиши гирифторони ангезаҳои СПИД ҳамоно эҳсоси заъифӣ мекунанд. Ба хусус, дар мавриди дастрасӣ ба доруву дармони ин беморӣ, ки ба маҳзи хеле гарон буданаш ба Тоҷикистон қариб, ки тамоман ворид карда намешаванд.

XS
SM
MD
LG