Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз СҶТ тақозои кумак кард



Мирзонабии Холиқзод



Бино ба иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, 23 октябр ҳукумати ин кишвар барои омузиш додани мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон оид ба ҳифзи амният ва бехатарии маҳсулоти хурдание, ки аз кишварҳои хориҷӣ ворид мешавад, ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ муроҷиат намуд.

Як намояндаи Идораи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Душанбе гуфт, чунин пешниҳоди Тоҷикистон ба қароргоҳи марказии ин созмон дар Копенҳаген расонида шудааст, ва тасмими ниҳоӣ дар он ҷо гирифта мешавад.

Бар асоси иттилоъи вазорати тандурустии Тоҷикистон, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб поён рафта 70 дар сади маҳсулоти хӯрданӣ дар ин кишвар аз хориҷ ворид мешавад, аммо имкони сад дарсадаи ташхиси таркиби микробиологӣ ва кимиёви ғизо маълум карда намешавад. Аз ин рӯ Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ метавонад, бо баргузории семинарҳо мутахассисони тоҷикро омузиш диҳад ва маркази бозрасии маҳсулоти хурданиро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кунад.

Сардори Раёсати беҳдории санитарии вазорати тандурустии Тоҷикистон Даврон Пиров гуфт, мутаххасисони ҳамин риштаи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон кам мондааст, аз ин ру Созмони Ҷаҳони Тандурустӣ метавонад, кумак кунад. Бино ба иттилоъи Оҷонсии "Тоҷикстандарт" дар чанд моҳи ахир аз миқдори маҳсулоти воридшуда ба ҷумҳурӣ, ҳудуди ҳазор тоннаи он ғайриқобили истифода ҳисобида шуд.

XS
SM
MD
LG