Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парламент қонуни наверо қабул кард



Абдуқайюми Қайюмзод



Шонздаҳуми октябр Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон "Қонун дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ"-ро қабул кард.

Раҷабалӣ Тӯронов - муовини вазири иқтисоду тиҷорати кишвар гуфт, ин як қонуни бунёдӣ буда, барномаҳоро дар иртибот бо дурнамои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳамаҷониба ба танзим медарорад. Ва пас аз касби истиқлолияти Тоҷикистон барои бори аввал аст,ки як чунин қонун қабул мешавад: "Мавҷудияти чунин санади меъёрӣ дар ҷумҳурӣ барои тамоми вазорату идораҳо ва минтақаҳо ҳамчун асоси қонунгузорӣ, ки таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок ва инчунин барномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро ба низом меорад, зарур аст."

Мурод Худоиев - узви Кумитаи иқтисоду буҷа ва андози Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, қонуни нав стратегияи иқтисодии кишвар ва ҳамзамон буҷаи давлатиро, ки бар асоси фуруши ашёои хом муайян ва таъмин мешуд, дучори тағйирот хоҳад кард.

Тафсилоти хабар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG