Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 000 ниҳоли банг мусодира шуд



Мирзои Салимпур



Кумитаи марзбони Тоҷикистон мегуяд, рузи 23 сентябр дар ҷараёни як амалиёти гуруҳи фаврии марзбонӣ дар шимоли ин кишвар 100 000 ниҳоли банг кашф ва мусодира кардаанд.

Майор Сафаргул Муъминова, сухангуи кумитаи марзбонӣ дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт бо ҳамдастии қисми низомии 2115-и кумитаи марзбонӣ сурат гирфта, дар натиҷаи аз як қитъаи замин дар минтақаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ин миқдори бузурги банг ба даст омадааст.

XS
SM
MD
LG