Пайвандҳои дастрасӣ

Як зан бо ду кудакаш худро оташ зад



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



17 сентябри соли ҷорӣ ба бемористони шаҳри Кулоб Муҳаббат Искандарова ва кудаки 4 солаи уро оварданд, ки бар асари як амали худкушӣ беш аз 80 дарсади бадани онҳо сухта буд.

Сиёвуш Соҳибови 4 сола баъди чанд соат фавтид. Муҳаббат Искандарова рӯзи 19 сентябр аз олам даргузашт.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки сарвари ин хонадон чанд сол аст, ки дар Русия муздурӣ дорад, аммо аҳли байти у дар шароити хеле бади муфлисӣ ба сар мебурданд. Бар асари гуруснагиву камбизоатӣ Муҳаббат Искандарова рузи 17 сентябр ду кудаки хурдсоли 4 ва 6-солаашро ба оғуш кашида, худро оташ задааст. Фарзанди 6-солаи Муҳаббат тавонистааст, аз коми оташ фирор кунад, аммо ду нафари боқӣ аз ин оила дар натиҷаи худкушӣ фавтиданд.

Танҳо дар як шаҳри кучаки Кулоб тули 8 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 30 нафар тариқи худкушӣ фавт кардаанд. Теъдоди худкушони ноком аз ин ҳам бештар аст, аммо ин ҳодисаҳо дар омори расмӣ номнавис нашудаанд.

Дар байни онҳое, ки даст ба худкушӣ задаанд, теъдоди занону духтарон беш аз 70 дарсадро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG