Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми сиёсии занон ташкили ҷаласа мекунад



Мирзои Салимпур



Рузи шанбе, 20 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон форуми сиёсии занони ин кишвар баргузор мешавад. Ин анҷумани сиёсӣ бо кушиши созмони амрикоии Пажуҳишгоҳи Миллии Демократия сурат гирифта, ба он намояндагон аз созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ ва гуруҳҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон даъват шудаанд.

Қарор аст, рузи 22 сентябр бо ибтикори ҳамин Пажуҳишгоҳи Миллии Демократия дар шаҳри Душанбе форуми созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ ташкили ҷаласа кунад.

Ин форум фаъолият ва нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар роҳи рушди ҷараёнҳои демократӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, пиромуни иштироки ин созмонҳо дар мавриди назорати мустақили маъракаҳои интихоботӣ дар кишвар низ баҳс хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG