Пайвандҳои дастрасӣ

Нируи барқро аз Қирғизистон хоҳанд харид



Мирзои Салимпур



Сарвазири Қирғизистон Николай Танаев ба хабарнигорон гуфт, Душанбеву Бишкек музокиротро пиромуни имзои созишномаи шашсолае идома медиҳанд, ки бар асоси он Тоҷикистон мехоҳад солона аз Қирғизистон 2 миллиард киловатт-соат нируи барқ бихарад.

Ношири ин хабар, ожонсии "Интерфакс" аз қавли Николай Танаев нақл мекунад, ки корхонаҳои ангишткании ҳавзаи ангишти Шибирқули Қазоқистон низ ба харидории нируи барқи Қирғизистон таваҷҷуҳ нишон додаанд.

Аммо сарвазири Қирғизистон гуфт, афзоиши содироти нируи барқ ба сатҳи оби обанбори Токтогул бастагӣ хоҳад дошт, чунки давлати у пеш аз ҳама ба таъмини бозори дохилӣ бо нируи барқ бартарӣ медиҳад.

Мақомоти Бишкек мегуянд, Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Қирғизистон ба ҳаҷми 174 милён киловатт-соат нируи барқ харидааст.

XS
SM
MD
LG