Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шералӣ Норбеков ба қатл маҳкум шуд



Мирзои Салимпур



Додгоҳи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шералӣ Норбеков, як ходими собиқи нируҳои умури дохилаи ин кишварро дар куштори 5 сокини осоишта дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор донист ва уро ба қатл маҳкум кард.

Додгоҳи Олӣ мегуяд, Шералӣ Норбеков ин 5 нафарро тайи солҳои 1993 ва 1994 танҳо барои он куштааст, ки аз аҳли минтақаи шарқи Тоҷикистон будаанд. Худи Норбеков аз мардуми ҷануб буда, дар солҳои ҷанг дар сафи нируҳои давлат меҷангид.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегуяд, Шералӣ Норбеков севвумин аскаре ҳаст, ки бо иттиҳоми куштори шаҳрвандон дар солҳои ҷанг ҳукми қатл мегирад. У як муддат аз кишвар фирор намуда, дар хоки Узбакистон ба сар мебурд, вале дар аввали соли ҷорӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG