Пайвандҳои дастрасӣ

Мина боз ду шаҳрванди Тоҷикистонро кушт



Раҳматкарими Давлат



Бино ба иттилоъи Кумитаи марзбонии ҳукумати Тоҷикистон, ахиран ду шаҳрванди ин кишвар дар натиҷаи инфиҷори мина дар марзи миёни Тоҷикистон бо Узбакистон кушта шудаанд.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ҳомидов, муовини раиси кумитаи марзбонии кишвар, Эгамбердӣ Тоҷибоеви 48-сола ва Эгамбердӣ Ҳасанови 17-сола, сокинони ноҳияи Турсунзода ба ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба мина бархурда ва кушта шудаанд. Ин минаҳо ба гуфтаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон, аз ҷониби марзбонони Узбакистон ба таври якҷониба гузошта шудааанд.

Бар асоси маълумоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, то кунун беш аз ҳафтод шаҳрванди Тоҷикистон бар асари бархуд ба минаҳои гузоштаи марзбонони Узбакистон, дар минтақаҳои марзӣ кушта ва беш аз сад нафар низ захмӣ шудаанд. Музокироти Тоҷикистон бо Узбакистон дар мавриди поксозии майдонҳои мина, то кунун ба натиҷа нарасидааст.

XS
SM
MD
LG