Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Чин дар роҳи тавсиаи ҳамкориҳо



Абдуқайюми Қайюмзод

Танҳо дар шаш моҳи гузашта ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар чаҳордаҳ миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Рузи сешанбе, 2 сентябр пас аз мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо вазири хориҷаи Чин Ли Чжаосин дар бустонсарои ҳукуматӣ маросими имзогузорӣ ба ду созишномаи давлатӣ - ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар ва созишномаи муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва сепаратизм баргузор шуд. Вазири умури хориҷаи Чин имзои созишномаҳои мазкурро идомаи раванди мусбати муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кард.

Вай гуфт: "Ман итминон дорам, ки равобити мо боз ҳам тавсиа пайдо хоҳад кард. Махсусан пас аз ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ миёни кишварҳо ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҳарду кишвар ба як марҳилаи тоза ворид хоҳад шуд. Нишондодҳо гувоҳ бар онанд, ки дар нимаи аввали соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешина ҳаҷми табодули мол низ афзоиш пайдо кардааст."

Зафар Саидов, сухангуи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, президент Раҳмонов ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ ва ба вуҷуд омадани шароити алоқаи автомобилии Тоҷикистон бо Чинро аз тариқи ағбаи Қулма воқеаи нодир дар муносибатҳои дуҷониба хонд.

Бар асоси маълумоти вазорати иқтисод ва савдои кишвар, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин дар бахши иқтисод ва тиҷорат сол то сол ру ба афзоиш аст. Ғафур Расулов, сухангуи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, дар соли гузашта ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва Чин нуҳу аз даҳ шаш миллионро ташкил дод, вале танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон ин рақам то чаҳордаҳ миллион доллар афзоиш кардааст. Ғафур Расулов афзуд: "Байни ду кишвар созишнома дар мавриди ҳифзи сармоягузории дуҷониба имзо шудааст, ки мувофиқи он чандин корхонаҳои муштарак таъсис ёфтааст. Аз ҷумла корхонаи муштараки "Ришта" дар ноҳияи Ҳисор, корхонаи муштараки тамокубарорӣ дар Душанбе ва ғайра. Ҳамчунин аз ҷумҳурии Чин ба мо 80 автобус кумаки башардустона кардааст."

Коршиносон бар ин назаранд, Чин бо истифода аз шароити мусоиди ба вуҷудомада пас аз таҳаввулоти Афғонистон ва ҷанги Ироқ ва ҳамчунин бо истифодаи имконоти қавии иқтисодиаш ҳузури худро дар Осиёи Марказӣ бештар густариш медиҳад.

Коршиноси тоҷик Рашид Ғанӣ мегуяд, бо ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон шароити ҳамкорӣ бо аксари кишварҳои олам бахусус кишварҳои бузурге, мисли Чин, ки тайи садсолаҳо равобити иқтисодиву тиҷоратии суннатӣ доштанд, фароҳам шуд: "Чин дар тараддуди он аст, ки ҳадди аққал дар симои Тоҷикистон як ҳамсояи хуберо пайдо кунад. Рағбати Чин мутавозин бо худи рағбати Тоҷикистон, ки мехоҳад дар симои Чин як кишвари оминеро, як кишваре, ки бо у робитаи дустона ҳам нагуем, робитаи фарогир дошта бошад, бубинад. Аз тарафи дигар, барои Тоҷикистон он муҳим аст, ки бо ҳамаи абарқудратҳо робита дошта бошаду бо кадом яке аз онҳо пурра вобаста набошад."

Ба назари Суҳроб Шарифов - директори Пажуҳишгоҳи тадқиқоти сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон - Чин ба оҳистагӣ, вале бо итминон мавқеи Русияро дар Тоҷикистон танг месозад.

Оқои Шарифов мегуяд: "Феълан Чин дар минтақа нақши бузургро иҷро мекунад ва ман метавонам, бигуям, ки он як кишвари рақиби Русия аст. Ҳар яки онҳо кушиш мекунанд, мавқеи худро дар минтақа пурзур кунанд. Аммо сол то сол нуфузи Русия дар минтақа заиф мешавад, вале нуфузи Чин тақвият меёбад."

Ба ин тартиб аз суҳбат бо коршиносон рушан гардид, Чин ба ҳайси як кишвари қудратманди минтақа, тавассути густариши равобити иқтисодӣ ва ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад, амалан ҳузури Русияро аз мақоми ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон маҳдуд созад. Ба назари коршиносон, тамриноти низомии неруҳои кишварҳои узви Созмони Шанхай дар баҳори соли ҷорӣ, ки дар Қазоқистон сурат гирифт ва таъсиси Маркази зиддитерористӣ, ки дар Узбакистон аз суи кишварҳои узв созмон дода мешавад, гироиши Чинро ба минтақа рушантар месозад.

XS
SM
MD
LG