Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зафар Абдуллоев: "Мардуми фақир муъҷиза мехост ва ин муъҷизаро дар муҳраҳои "Ҷамол" дид."



Мирзои Салимпур

Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо хабарнигори мустақили тоҷик дар бораи парвандаи "Ҷамол энд Компани"

Радиои Озодӣ: " Нахустин суол ин аст, ки асли қазия чӣ буд, яъне фаъолиятҳои ҷамолкомпания ин навъе аз тиҷорат буд ва ё гунае аз қаллобии молӣ?"

Зафар Абдуллоев: "Ба ақидаи ман, ин аз пеш қаллобӣ ва навъе аз пирамидаи молӣ буд. Ва чизи хуберо аз он интизор шудан мумкин набуд, чунки дер ё зуд ҳар пирамида фуру меравад. Ман ҳатто интизор доштам, ки он чанд моҳ пештар фуру меравад, вале ин пирамида ғайричашмдошт тавонист то ҳол амал кунад.

Ягона роҳи фош кардани чунин корхонаҳо дар вақти сар печидан аз пардохти молиёт дастгир кардани онҳост, чунки бо ваъдаи чунин фоизи баланди фоида пардохти қонунии молиёт ғайримумкин аст. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо ба назари ман, мақомот бояд ин корро дар қиболи "Ҷамол энд Компани" барвақт мекарданд. Вале идораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар вазорати дохилаи Тоҷикистон имсол барҳам хурд ва дигар ниҳоде набуд, ки бо чунин анвоъи ҷиноятҳо мубориза барад."

Радиои Озодӣ:"Аммо тавре мақомоти Тоҷикистон мегуянд, фаъолияти "Ҷамол энд Комрпани" танҳо дар чанд рузи охир боиси то 10 дар сад тағйир кардани қиммати асъор дар бозори арзи Тоҷикистон шуд ва ҳатто қиммати доллар дар бозори сиёҳ аз нархи муқаррарнамудаи Бонки Миллӣ ҳам поинтар рафт. Оё ин нишоне аз осебпазирии иқтисоди миллии Тоҷикистон нест?"

Зафар Абдуллоев: " Ман намедонам, ки пасту баланд шудани қиммати доллар то чӣ андоза бо фаъолияти "Ҷамол" марбут буд, вале агар чунин бошад, пас ин ниҳояти хурдӣ ва заъфи иқтисоди Тоҷикистонро дар муқоиса бо кишварҳои дигар нишон медиҳад. Ва нишон медиҳад, ки ҳатто як ширкати алоҳида ҳам метаовнад таносуби қимматҳо дар бозори арзи ин кишварро ба ҳам зада, мояи хушунатҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти иқтисодӣ шавад.

Бадбахтона, дар чунин вазъият бештар мардуми камбағал азоб мекашад. Чунки барои мардуми фақир ин ягона роҳи пайдо намудани дастмузди зиндагӣ буд ва ҳам чунин тоифа ба муъҷиза бештар бовар мекунад. Ва "Ҷамол энд Компани" ҳам барои онҳо чунин муъҷизаро ҳотамона ваъда мекард."

Радиои Озодӣ: "Тавре мегуянд аз мост ки бар мост. Ва аммо ҳукумат акнун бояд чӣ кунад, ки аз норизоияти иҷтимоӣ дар ҷомиа пешгирӣ намояд?"

Зафар Абдуллоев: "Албатта, айби худи мардум аст, ки пулашро ба он ҷо бурд. Вале доманаи ин ҷанҷол ва бадбахтии мардум ба андозае расидааст, ки давлат бояд масъулияти онро ба уҳда бигирад. Ва ҳам гуфтанист, ки ҳифозати ҷомиа аз чунин таҳдидҳо низ бахше аз масъулиятҳои давлат мебошад ва акнун давлат бояд хисороти мардумро ҷуброн кунад. Албатта, бидуни он фоидае ки дар "Ҷамол энд Компани" ба онҳо ваъда карда буданд.

Ва ҳам бояд механизмҳои қонуние эҷод намуд, ки аз зуҳури чунин пирамидаҳо дар оянда пешгирӣ кунанд. Агар давлат ба ҳалли ин мушкил даст назанад, такрори қазияи омада бар сари "Ҷамол энд Компани" дар оянда низ мумкин аст, чунки ин аввалин кушиши сохтани пирамидаи молӣ набуд. Корхонаи "Фарорун"-ро дар Хуҷанд ба ёд биоред, ки ҳануз то замони шуруъи кори "Ҷамол" дар он ҷо кор мекард.

Ва ҳоло ҳам нафарони чапдасте пайдо хоҳанд шуд, ки барои мардуми ноогоҳ ва зудбовар чунин муассисаҳои фиреб боз кунанд. Ё дар Хатлон ё дар Бадахшон ва ҳатто боз дар Душанбе."

XS
SM
MD
LG