Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабиб Насруллоев дар Маскав боздошт шуд



Нурмуҳаммади Холзода



Бино ба хабари ожонсии Интерфакси Русия, шаби гузашта мақомоти интизомии ин кишвар бо дархости ҷониби Тоҷикистон Ҳабиб Насруллоев - собиқ раиси Ҷамъияти Матлуботи Тоҷикистон ва писараш Муҳаммадро дар Маскав боздошт кардаанд. Ин хабарро мақомоти вазорати дохилаи Русия, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва манобеъи наздик ба хонаводаи Насруллоев низ таъйид карданд.

Ҳабиб Насруллоев яке аз раҳбарони Фронти Халқӣ дар водии Ҳисор буд ва барои бар сари қудрат овардани раҳбарияти кунунии Тоҷикистон нақш бозӣ карда буд. Вале баъд аз шуриши полковник Маҳмуд Худойбердиев дар моҳи августи соли 1997 вай бо Ёқуб Салимов, Назруллоҳ Дустов ва чанд тан аз наздиконаш Тоҷикистонро тарк кард.

XS
SM
MD
LG