Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон то ҳануз дар симои Тоҷикистон маркази тундгароиро мебинад



Саид Сабоҳ

Гузориши "Франс Пресс", дар бораи минагузориҳо ва аҳволи мардуми фақири водии Фарғона.

Хонуми қирғиз Зира Тулбоева дар як хонае, ки бо нуқра тартиб шудааст, зиндагӣ мекунад, аммо дар симояш ғам ва андуҳ пинҳон нест. Ғами аз даст додани шавҳар дар натиҷаи таркиши минаи Узбакистон. Шавҳари у гусфандонашро дар водии Фарғона ба чарогоҳ бурда буд, ки ба мина бархурда ҳалок гардид.

Тулбоева дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад ва ҳеҷ далеле намебинад, ки чаро шаҳрвандони кишвар у ва ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон дар натиҷаи тасмимҳои як кишвари саввум қурбонӣ мешаванд.

Тибқи суханони кормандони расмии Қирғизистону Тоҷикистон то кунун беш аз 50 нафар қурбони минаҳое шудаанд, ки соли 1999 таввасути Узбакистон дар сарҳадот гузошта шуд ва шавҳари Тулбоева яке аз онҳо мебошад. Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди мусулмонони тундрав аз Афғонистон ба Узбакистон дар он вақт минтақаро минакорӣ карда буд.

Аз замони суқути шуравӣ дар соли 1991 аҳолии Водии Фарғона, ки байни се ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон қарор дорад, ба бозичаи сиёсӣ табдил шудаанд. Баъди оғози амалиёти байналмилаллаӣ ба саркардагии Амрико алайҳи терроризм, тундравони Узбакистон, ки дар Афғонистон марказ доштанд, аз байн рафтанд, аммо вазири умури дохилаи Узбакистон Илҳом Зокиров мегуяд, ки ҳануз ҳам ба ин минаҳо ниёз вуҷуд дорад. Аксари ин минаҳо сохти шуравии собиқ буда, тавони куштани одамро дар масофаи то 30 метр доранд.

Ба гуфтаи Зокиров, назорати тамоми сарҳад ба теъдоди зиёди сарҳадбонон ниёз дорад ва аз ин сабаб Узбакистон аз мина истифода мебарад.

Аммо аҳолии сарҳадӣ дар Қирғизистон мегуянд, ки минагузорӣ ҳадафи дигар дорад ва ин ҷуз сиёсати васеътари раҳбари мустабиди Узбакистон Ислом Каримов дар сарҳад мебошад. Бо ин кор Тоҷикистон ва қисме аз Қирғизистон аз хариду фуруши маҳсулот дар бозорҳои шуравии собиқ маҳрум мешаванд, махсусан бозори нуқра ва тиллои Узбакистон. Аз ҳама бештар ин ҳолат болои Тоҷикистон таъсир ногувор дорад.

Ба гуфтаи шореҳи хабаргузории "Франс Пресс", Тоҷикистони ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, дар сарҳадоти дигари худ ба мушкилот ру ба ру аст. Дар шимоли кишвар куҳҳо қарор доранд, дар ҷануб беамниятии Афғонистон ва дар шарқ Чин, ки бо назорати сарҳадии он боз ҳам шадид аст.

Ҳадди васати даромади ҳар фард дар Тоҷикистон соле гузашта моҳона 13 доллар буд ва тибқи эҳсоияи Бонки Ҷаҳонӣ нисфи даромади кишвар аз роҳи андоз барои пардохти қарзҳои хориҷӣ равона мешавад.

Аммо вазири умури дохилаи Узбакистон қайд мекунад, ки баргашт ба минтақаи озоди тиҷоратӣ ба манфиати Узбакистон нест. Гуруҳи Байналмилалии Омузиши Буҳронҳо аз Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ки болои раҳбари Узбакистон фишор оварад, то вай аз ин гуна сиёсат даст кашад. Ба гуфтаи корманди ин идора, Узбакистон ҳануз ҳам ба Тоҷикистон бо назари шак менигарад. Ба фикри Узбакистон, Тоҷикистон то ҳол манбаи тундгароӣ мебошад, дар ҳоле ки ин масъала дигар ҳақиқат надорад ва раҳбари Узбакистон ҳатто намедонад, ки дар Тоҷикистон вазъ чӣ гуна аст.

Мушкили дигар ин аст, ки хатҳои сарҳадӣ дақиқ нашудаанд ва аҳолии Қирғизистон мегуянд, ки аъзои хонаводаҳои эшон дар натиҷаи минаҳои Узбакистон, ки дар сарзамини Қирғизистон ҷой дода шудаанд, қурбон мешаванд.

XS
SM
MD
LG