Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд аз қочоқи симоб ҷилавгирӣ шуд



Соҷидаи Мирзо



Дар вилояти Суғд, қисмати шимоли Тоҷикистон як сокини маҳаллӣ бо як кило симоб боздошт гардид. Ба гуфтаи вазорати дохилӣ ин шаҳрванд барнома дошт, ки симобро дар хориҷи кишвар ба фуруш барорад.

Дар бораи харидорони мавод маълумоте пахш нашудаст. Аз оғози сол то кунун хадамоти интизомии Тоҷикистон ҳудудан панҷ кило чунин маводи заҳрогинро мусодира ва се нафарро боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG