Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи нав Покистону Тоҷикистонро мепайвандад



Саъдӣ Юсуфӣ



Ба гуфтаи мақомот Покистон қасд дорад, як иртиботи нақлиётие бо Тоҷикистон барқарор кунад ва аз ин тариқ равобити тиҷоратии худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад.

Амонуллохон Ниёзӣ, дабири бахши тарроҳӣ ва густариши манотиқи шимоли Покистон гуфт, қарор аст, роҳи 35-километрӣ байни дараи Ишкамон дар шимоли Покистон ва коридори Вахони Афғонистон бино шавад. Тарҳи бунёди ин роҳ ҷиҳати тасдиқ ва маблағгузорӣ ба нахуствазири Покистон Мир Зафаруллоҳхон Ҷамолӣ фиристода шуданд.

Оқои Ниёзӣ инчунин қайд кард, роҳи 35 километрӣ дар имтидоди Вахонро дар Афғонистон бояд мақомоти афғон бисозанд.

Покистон алоқаманди хариди неруи барқ аз Тоҷикистон аст. Ҳануз дар ибтидои даҳаи 90-ум барои бунёди неругоҳи барқи обии Роғун беш аз 200 миллион доллар пешниҳод карда буд.

XS
SM
MD
LG