Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ ба Душанбе боз 20 милён дод



Раҳматкарими Давлат



Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе як қарордод дар мавриди ба ихтиёри Тоҷикистон додани 20 милён доллар сармоя ба имзо расид. Ин маблағ барои ислоҳоти низоми маориф, таъмири макотиб ва нашри маводи таълимӣ масраф хоҳад шуд.

Назрулло Ҳабибуллоев, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ки аз номи ҳукумати ин кишвар ба созишнома имзо гузошт, гуфт: "Аз ин 20 милён доллар 7 милён доллар грант, яъне бебозгашт ва 13 милёнаш қарзи дарозмуддат бо 0,75 фоизи солона аст. Бар пояи ин маблағ 133 мактаб тармим ва 3 мактаби нав сохта шуда, қисми дигаре аз он барои бозомузии муаллимон ва чопи китобҳои дарсӣ масраф хоҳад шуд."

Ин барнома аслан дар 7 ноҳия, аз ҷумла Файзобод, Кофарниҳон, Роғун, Дарбанд, Кулоб, Восеъ ва шаҳри Душанбе амалӣ мешавад. Ба гуфтаи муовини вазири молияи Тоҷикистон, қарор аст дар рузҳои наздик як барномаи дигари ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи беҳдошти мактаббачагон низ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ таъмини молӣ шавад.

Тоҷикистон дар соли 1993 узви Бонки Ҷаҳонӣ шуд ва аз он замон то кунун Бонки Ҷаҳонӣ дар маҷмуъ аз қарз то кумаки бебозгашт 324 милён доллар дар ихтиёри Тоҷикистон қарор додааст.

XS
SM
MD
LG