Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хати нави ҳавоӣ Душанбеву Ушро васл кард



Мирзоҷалоли Шоҳҷамол



Байни шаҳри Уши Қирғизистон ва шаҳри Душанбе хатти парвози ҳавопаймои мусофирбар кушода шуд. Парвозро дар ин хат, ки ҳафтае як маротиба муайян шудааст, ширкати ҳавопаймоии "Олтин Айр"-и Қирғизистон анҷом медиҳад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хоруғ аз қавли масъули ширкати "Олтин Эйр" Чинора Исоева мегуяд, дар масири Уш-Душанбе-Уш тайёраи Ан-24, ки қобилияти гирифтани 48 нафар мусофирро дорад, парвоз мекунад.

Арзиши билет ба 80 доллари амрикоӣ баробар аст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, масири ҳавоии номбурда аз сермусофиртарин хатти парвоз ҳисоб мешавад. Аз хидмати тайёра дар ин самт асосан тоҷирон ва тоҷикони муқими вилояти Уш, ки теъдодашон ба 30 ҳазор нафар мерасад, истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG