Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба буҷа 100 милён доллар ворид шудааст



Абдуқайюми Қайюмзод



Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои Тоҷикистон фаъолияти шашмоҳаашро дар соли равон натиҷагирӣ кард ва эълом дошт, ки ниҳодҳои марбутаи ин вазорат ба хазинаи давлат беш аз 311 милён сомонӣ, баробар ба сад миллион доллари амрикоӣ ворид сохтааст.

Абдурасул Шарифов - сухангуи вазорати даромадҳо ва пардохтҳои Тоҷикистон - гуфт, департаментҳои андоз ва гумруки вазорати мазкур дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба буҷаи кишвар маблағи бештар ворид кардаанд: "Вазорат нақшаи ба зимааш гузошташударо аб андозаи 117,2 фоиз иҷро намуда, ба қисми даромади буҷаи давлат ба ҷои 265,8 милён сомонӣ 311,5 милён сомонӣ ворид намуд."

Абдурасул Шарифов - сухангуи вазорати даромадҳо ва пардохтҳо ҳамчунин гуфт, фаъолияти бахшҳои аслии вазорат - департаменти андоз ва гумрук дар нимсолаи аввали соли равон мусбат арзёбӣ гардид.

Ҷаноби Шарифов афзуд, ки ташкили вазорати мазкур дар заминаи Кумитаи давлатии андоз ва Кумитаи гумрук дар соли 2002 ба он боис гардид, ки дар низоми қавонини андоз ва гумруки кишвар тағйиротҳои куллӣ ҷорӣ карда шавад.

Ҷаноби Шарифов ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи нави Кодекси андоз ва гумруки кишвар, ки фаъолияти вазоратро ба танзим медарорад, омода шудааст ва вазорат онро барои баррасӣ ба ихтиёри Маҷлиси Намояндагон хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG