Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бемориҳои ҷинсӣ дар Душанбе тавсиа меёбанд



Сафаргул Олимӣ



Ҳафтаномаи "Азия Плюс" иттилоъ додааст, ки теъдоди гирифторони бемориҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон аз ҷумла сифилис афзоиш ёфтааст.

Тибқи омори расмӣ танҳо дар панҷ моҳи соли равон 700 нафар дар шаҳри Душанбе, беш аз 400 нафар дар вилояти Хатлон ва 500 тан гирифторони бемории сифилис дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд.

Ба навиштаи "Азия Плюс" тибқи омори ғайрирасмӣ теъдоди гирифторони ин анвои беморӣ зиёд аст. Нашрия навиштааст, тибқи таҳқиқоти созмонҳои ғайриҳукуматии "Умед" ва "Гендер ва Васоити Ахбори Умум" сарчашмаи асосии ин тавсиаи ин бемориҳои сирояткунанда муҳоҷирони кории Тоҷикистон мебошанд, ки гирифтори беморӣ аз хориҷ бармегарданд.

XS
SM
MD
LG