Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди табодули барномаҳои телевизионӣ



Абдуқайюми Қайюмзод

Сарони ин кишварҳо дар нишасти ахири худ ба зарурати пахши барномаи телевизионҳояшон дар қаламрави ҳамдигар таъкид кардаанд.

Сарони кишварҳои узви Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ дар поёни охирин нишасти худ рузҳои 5 ва 6 июл дар Алмаато шаҳри Қазоқистон зимни интишори як баёнияи муштарак бар зарурати пахши барномаи телевизионҳои ҳамдигар дар қаламрави ин кишварҳо таъкид кардаанд.

Зафар Саидов сухангуи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди таъсиси барномаҳои телевизионии кишварҳои узви ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва эҷоди фазои ягонаи иттилоъотӣ дар ин минтақа ду соли қабл низ садо дода буд.

Вай ҳамчунин афзуд: Пас аз анҷоми ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёи Марказӣ изҳор дошта шуд, ки ба хотири ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ ва иттилоъотӣ пахши барномаҳои телевизионии ҳар як кишвари аъзо дар қаламрави якдигар ба роҳ монда шавад. Табиист, ки ин кор дар асоси мутақобила сурат мегирад. Ва ҳамаи сарони давлатҳо ба ин розӣ шуданд ва мухолифате аз ҷониби ягон раҳбари давлати аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёи Марказӣ ба назар нарасид."

Қарор аст, барномаҳои телевизионии мазкур ҳафтае дар ҳаҷми ду соат пахш шаванд. Гуфта мешавад, ҳадафи таъсиси ин барномаҳо ошно сохтани сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ бо ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳунарии ҳамдигар мебошад.

То кунун дар қаламрави кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд танҳо як телевизиони муштараки ин кишварҳо ба номи "Мир" барномаҳои хешро дар қаламрави ин кишварҳо пахш мекунад. Ба назари коршиносон барномаҳои ин телевизион бештар аз равзанаи манофеъи стратегии Русия пахш мешаванд.

Аммо коршиносон таъсиси барномаҳои телевизионии минтақавии муштарак ва эҷоди фазои ягонаи иттилоотиро дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ як иқдоми нек мешуморанд.

Рашид Ғанӣ коршиноси мустақили тоҷик мегуяд, мардуми ин минтақа пас аз касби истиқлолияти кишварҳояшон дар ҳолати бехабарӣ аз тағйироту таҳаввулот аз зиндагии ҳамдигар ба сар мебаранд ва аксар вақт иттилоотро аз тариқи расонаҳои хориҷӣ дастрас мекунанд.

Рашид Ғанӣ меафзояд: "Мо ба хубӣ медонем, ки сокинони кишварҳои минтақа одатан дар бораи якдигар ё аз васоити ахбори умуми кишварҳои дигар маълумот мегиранд, масалан телевизионҳои Русия, ё таввасути овозаҳо. Расонаҳои гуруҳии кишварҳои дигар дар бораи воқеаҳои минтақа, ки дар ҷараёнанд, аз нуқтаи назари манофеъи худ инъикос мекунанд ва ин манфиатҳо шояд ба манофеъи кишварҳои минтақа мувофиқ набошанд. Бинобар ин ҳангоме ки мардуми кишварҳои минтақа доир ба воқеаҳои он аз расонаҳои худӣ огаҳ шаванд, имкон пайдо мекунанд, ки онро бо ахбори расонаҳои дигар муқоиса кунанд ва хулоса бароранд."

Рашид Ғанӣ ҳамчунин гуфт, ки таъсиси барномаҳои телевизионии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели ин ки иттилоот бевосита аз ҷои вуқуи ҳодиса ва ё аз забони манобеъи аслӣ таҳия ва интишор меёбад, овоза ва сару садоҳоро аз миёни мардум маҳв месозад, ки ин дар таъмини амният ва суботи кишварҳо мусоидат мекунад.

Зафар Саидов - сухангуи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон - гуфт, дар назар дошта шудааст, ки дар марҳалаи баъдӣ бунгоҳҳои телевизионҳои марказӣ ё худ миллии кишварҳои марбута ба хотири ташаккул ва тақвияти фазои воҳиди иттилотӣ дар қаламрави давлатҳои узви ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ хоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG