Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Салимов кист ва чаро боздошт шуд?



Нурмуҳаммади Холзода

Чашмандозе ба зиндагии вазири собиқи умури дохила ва фармондеҳи ошубгари Тоҷикистон

Номи Ёқуб Салимов дар Тоҷикистон замоне сари забонҳо афтод, ки дар моҳи апрели соли 1992 барои ҷилавгирӣ аз бархурди ширкаткунандагони гирдиҳамоии ба истилоҳ "Майдони Шаҳидон" ва "Майдони Озодӣ" дар хиёбони марказии ба номи Ленин бо гуруҳе аз ҷонибдоронаш гирдиҳамомадагонро ба хештандорӣ ва барои ҳалли мусолиматомези ихтилоф даъват мекарданд.

Вале баъд аз фурузон шудани оташи ҷанг миёни нируҳои давлати Раҳмон Набиев - президенти вақт ва Иттиҳоди нируҳои мухолифин дар ҷануби Тоҷикистон, Ёқуб Салимов ин бетарафиро канор гузошта, ба Фронти халқӣ пайваст.

Вай дар ҷараёни ин ҷангҳо ба яке аз фармондеҳони аршади Фронти Халқӣ ва ба яке аз наздикони Сангак Сафаров - раиси Фронти Халқӣ табдил ёфт, ки дар овардани давлати кунунии оқои Раҳмонов бар сари қудрат нақши аслӣ бозӣ кардааст.

Бо назардошти чунин хадамоташ Ёқуб Салимов моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми шаҳри Хуҷанд мақоми вазири дохилаи Тоҷикистонро ба даст овард. Вай дар ин мақом то соли 1995 фаъолият кард. Тайи ин муддат вай ҳамроҳ бо соири фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ, ки дар ниҳодҳои интизомӣ фаъолият мекарданд, рутбаи генерали нируҳои дохилиро гирифт.

Ба дунболи сару садоҳо дар бораи саркашии вай аз иҷрои баъзе фармонҳои раиси ҷумҳури кишвар, оқои Раҳмонов хост уро муддате аз худ дур нигоҳ дорад, яъне ба Ёқуб Салимов мансаберо пешниҳод кунад, ки ҳам боиси ранҷиши вай нашавад ва ҳам дасташ аз дахолат дар умури кишвар кутоҳтар шавад. Чунин кор ташкили сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия ва вогузор кардани ин сафорат бар души Ёқуб Салимов буд.

Гарчӣ дар оғоз худи Ёқуб Салимов аз ин мақом канорагирӣ кард, вале баъдтар дар моҳи августи соли 1995 ин мақомро пазируфт ва беш аз як сол дар Туркия сафири Тоҷикистон буд. Сипас раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъйин шуд. Вале дар мақоми раёсати гумрук низ фаъолияташ тул накашид. Моҳи августи соли 1997 ба шуриши рақибони дохилии Эмомалӣ Раҳмонов пайваст ва баъд аз шикаст ба хориҷ аз кишвар паноҳ бурд.

То ҳол Ёқуб Салимовро дар радифи ҷонибдорони Абдумалик Абдуллоҷонов ва Маҳмуд Худойбердиев - сарҳанги шуришӣ ном мебаранд. Вале гуфта мешавад, ки чанд дафъа намояндагони давлат бо Ёқуб Салимов дар бораи бозгашташ ба Тоҷикистон гуфтугу кардаанд ва қавл додаанд, ки парвандаи ҷиноиашро мебанданд, ба шарти ин ки бар зидди давлати Раҳмонов фаъолият накунад. Аммо Ёқуб Салимов барои хадамоташ дар руи кор овардани раҳбарияти кунунӣ мехоҳад дар сохторҳои давлатӣ яке аз мақомҳои раҳбариро дошта бошад.

Ба назари таҳлилгарон, ин масъала боиси норизоятии Ёқуб Салимов ва шуморе аз ҷонибдорони вай аз давлати имрузи Тоҷикистон аст, зеро аксари онҳо баъди барканорӣ аз мақомҳои давлатӣ ба мухолифони давлат табдил ёфтанд.

Дар як суҳбат аз Рашид Ғанӣ-таҳлилгари мустақили тоҷик пурсидам, ки дар оянда сарнавишти шахсоне аз қабили Ёқуб Салимов чӣ хоҳад шуд? Вай дар посух чунин гуфт: "Ҳар он сиёсатмадоре, ки ин равандро, ин тамоюлро дарк намекунад, қабул надорад ва аз ин берун аст, бо тақозои хусусиятҳои табии раванди инкишофи давлат, онҳо берун аз ҷараён афтиданашон мумкин аст. Ва дар ин ҳол вақте, ки сиёсатмадор аз тамоюли асосӣ берун монд, ё худро ба он муқобил гузошт дар ин ҳол аз ҷараёни асосё берун афтиданашт мумкин аст."

Оё давлати Тоҷикистон бо таҷрибаи музокироте, ки бо мухолифони исломиаш дорад, метавонад барои баргардондани мухолифони боқимонда вориди музокира шавад? Рашид Ғанӣ мегуяд: "Ба назари ман ин на танҳо аз давлати Раҳмонов вобаста аст, ин ба онҳое низ вобаста аст, ки худро мухолифи давлат мехонанд. Агар онҳо ва давлат низ дар ҳамин фикр бошанд, пас чаро бо ин ё он шакл музокира накунанд."

Вале ба назари Рашид Ғанӣ, ба ин масъала аз ин нуктаи назар бояд нигоҳ кард, ки фикру андешаҳои онҳо барои ҷомеъаи имрузи Тоҷикистон то чӣ андоза зарур аст ва ин нуқтаи назарро мардуми кишвар чӣ гуна мепазирад. Гузашта аз ин, бояд рушан шавад, ки Ёқуб Салимов ва соири мухолифони Раҳмонов чӣ барнома доранд, зеро то ҳол онҳо барномаи мушаххаси худро эълон накардаанд. Аз суи дигар, ин таҳлилгари тоҷик мегуяд, ҳоло низоми давлатдории Тоҷикистон тақвият ёфтааст ва ҳар шахсе, ки имруз бо ин давлат дар мухолифат қарор дорад, бо чунин сарнавишт дучор мешавад.

XS
SM
MD
LG