Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳматулло Зоиров истеъфо дод



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Раҳматулло Зоиров, мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ, аризаашро барои дархости истеъфо аз мақоми хеш ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов супурд.

Вай ба иллати риоят нашудани усули демократия дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории ҳамапурсӣ истеъфояшро аз Эмомалӣ Раҳмонов дархост кардааст.

Раҳматулло Зоиров, ки раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон низ мебошад, дар ҷараёни омодагӣ ба референдум аз шеваи омодагӣ ба он интиқод намуд, аммо масъулин ва мубтакирини референдум ба назари вай беэътиноӣ карданд.

Раҳматулло Зоиров мутаввалиди соли 1958 аст ва номзади илми ҳуқуқ мебошад. Дархости истеъфо намудани вай, нахустин чунин дархост дар давраи беш аз 10-солаи президент Раҳмонов дар долонҳои муҳташами ҳукумати вай аст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG