Пайвандҳои дастрасӣ

Вашингтон ба референдум вокуниш нишон дод



Нурмуҳаммади Холзода



Филип Рикер - сухангуи вазорати хориҷаи Амрико рузи душанбе, 23 июн гуфт, Вашингтон аз ҷараёни раъйпурсӣ дар Тоҷикистон норозист.

Вай афзуд, раъйпурсии Қонуни Асосӣ дар он кишвар бояд аз лиҳози шафофият ба меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқат мекард. Вале муттаасифона раъйпурсие, ки дар охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, ба он меъёрҳо мутобиқ нест.

Филип Рикер ҳамчунин идома дод: "Мо аз давлати Тоҷикистон дархост мекунем, ки раҳбарони худ ва сиёсати худро дар интихоботҳои муназзам пешбинишудаи одилонаву озод бисанҷад".

XS
SM
MD
LG