Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Искандаров: "Ин ҳамон таққалубкорӣ аст, ки мо пештар дар борааш гуфта будем."



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегуяд, ҳизби у натиҷаҳои раъйпурсиро эътироф намекунад.

Ҳизби Демократи Тоҷикистон натоиҷи ҳамапурсиеро, ки 22 июн баргузор шуд ва ҳадаф аз он ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосии кишвар буд, эътироф намекунад, - гуфт раиси ин ҳизб Муҳаммадрузӣ Искандаров.

Ҷаноби Искандаров гуфт, вай ба иддаои Комиссияи интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон мабнӣ бар ин ки дар ин референдум беш аз 96 дарсади ашхоси воҷиби шароити раъйдиҳӣ ширкат кардаанд, бовар надорад.

Ҷаноби Искандаров афзуд: "Мардуми Тоҷикистон, мардуми Душанбешаҳр ба овоздиҳӣ нарафт ва ба фикри онҳо ҳатто 20 дар сади мардум дар ин раъйпурсӣ иштирок накарданд. Лекин бубинед, ки 98 дар сади мардум гуё иштирок карданду овоз доданд. Ҳамаи ин ҳамон таққалубкорӣ аст, ки мо пештар хабар дода будем."

Ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди ин ки - "Агар нақзи қавонин дар ҷараёни раъйгирӣ сурат гирифта бошад, оё Ҳизби Демократ ба Додгоҳи Қонуни Асосӣ муроҷиат хоҳад кард" - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон чунин ҷавоб дод: "Ҳуҷҷатҳои лозимие, ки мо ба суд диҳем, мавҷуд нестанд ва ё дастрас кардани онҳо хеле ва хеле мушкил аст. Дуюм ин ки Суди Конститутсионии Тоҷикистон то он дараҷа мустақил нест."

Аммо Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мегуяд, натоиҷи референдумро эътироф мекунад, зеро чунин натоиҷ бозтоби воқеияти Тоҷикистон аст. Ҳикматулло Сайфуллозода сухангуи ин ҳизб дар ин замина чунин баён дошт: "Он чизе, ки мардум, ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳамин тарз овоз дод, ин воқеият аст. Инро касе тан намедиҳад, ман фикр мекунам, ки аз сиёсат хеле дур аст.

Бо вуҷуди ин мегуяд ҷаноби Сайфуллозода: "Аммо ин рақаме, ки ҳоло эълон шуд, он қадар барои мо воқеъӣ ба назар нарасида истодааст, яъне ғайричашмдошт аст."

Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон бо вуҷуде ба таҳрими ҳамапурсӣ даъват накарда буд ва сирф бо ворид сохтани баъзе аз маводи Қонуни Асосӣ мухолифаташро баён дошта буд, низ аз натоиҷи референдум изҳори норизоятӣ мекунад. Ин ҳизб гуфтааст, дар ҷараёни раъйгирӣ таққалуботи зиёд сурат гирифтааст.

Аҳзоби дигари Тоҷикистон то кунун дар мавриди натоиҷи референдуми ислоҳи Қонуни Асосӣ мавзеъгирии хешро баён накардаанд.

XS
SM
MD
LG