Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фестивали театрии "Парасту" анҷом ёфт



Раҳматкарими Давлат



Озмуни театрҳои касбии Тоҷикистон "Парасту" дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Шоҳҷоизаи ин фестивал бори дигар насиби Театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд шуд. Театри Камоли Хуҷандӣ дар ин озмун бо намоишномаи "Найрангҳои Абуи Хуҷандӣ" ширкат намуд. Коргардони ин намоишнома ҳунарманди шинохта Барзу Абдуразоқов аст.

Намоишномаи "Шоҳ Носири Хусрав"-и Театри мусиқӣ - мазҳакавии шаҳри Хоруғ сазовори ҷои аввал ва "Шоҳ Лир"-и Театри тамошогари ҷавон "Аҳорун" сазовори ҷои дуввум гашатанд.

"Шоҳ Лир" тозатарин кори ҳунарии Фаррухи Қосим ҳунарманди саршиноси тоҷик аст, ки дар бархе кишварҳои аврупоӣ низ ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Фестивали "Парасту" ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Як вижагии фестивали имсол дар он буд, ки дар озмун танҳо театрҳои касбӣ ҳуқуқи ширкат намуданро пайдо карданд. Театрҳои халқӣ ва театр- студияҳо дар барномаҳои ғайриозмунии фестивал танҳо ҳуқуқи ширкат намуданро доштанд.

Қарор шудааст, соли оянда фестивали театрҳои халқӣ баргузор шавад. То кунун дар Тоҷикистон озмуни театрҳои халқӣ баргузор намешуд. Аммо ду театри барандаи ҷоизаҳои аввал ва дуввум ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аз номи Тоҷикистон дар фестивали театрҳои касбии Осиёи Миёна ва Эрон бо номи "Навруз" ширкат намоянд. Фестивали театрии "Навруз" ҳафтаи оянда дар Душанбе оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG