Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ фақат як тоҷикистониро боздошт кардааст



Раҳматкарими Давлат



Мирзоватан Ҳасаналиев, муовини дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон боздошти ҷамъе аз шаҳрвандони ин кишварро дар Маскав бо ҷурми узвият дар созмони "Ҳизб-ут-таҳрир" рад кард ва гуфт, бар асоси иттилоъи расмӣ дар миёни бештар аз 100 нафар боздоштшуда танҳо як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Генерал Ҳасаналиев афзуд, ҳануз дақиқ нест, ки Акрам Ҷалолов шаҳрванди Тоҷикистон, ки боздошт шудааст, дар ин қазия даст дорад ё не. Генерал Ҳасаналиев ҳамчунин гуфт, вазорати амнияти Тоҷикистон масъул шудааст, шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистонро дақиқ ва ҳамдаст буданашро дар гуруҳи боздоштшуда баррасӣ кунад.

Оқои Ҳасаналиюф идома дод, дар сурати дайн шудани гуноҳи Ҷалилов, у танҳо баъди эъломи ҳукми додгоҳ ба Тоҷикистон интиқол мешавад. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дархости таҳвили уро матраҳ накардааст.

XS
SM
MD
LG