Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табларза дар Тоҷикистон густариш ёфтааст



Раҳматкарими Давлат



Бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво афзоиши бемории табларза ё малярия дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Тоҳир Шерхонов, муовини сардори Маркази мубориза бо бемориҳои тропикии Тоҷикистон мегуяд, имсол назар ба соли гузашта теъдоди бештари гирифторон ба ин беморӣ сабт шудаанд.

Вай меафзояд:"Бемории вараҷа дар чормоҳаи соли 2002-ум 124 нафар ба қайд гирифта шуда буд, аммо дар ҳамин давраи соли 2003-ум 339 нафар ба қайд гирифта шудааст. Яъне дар ин сол 115 нафар зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки 39 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Хоҷамастон 129 нафар мубталои ин бемори ба қайд гирифта шуд. Беморонро мо муайян кардем ва ҳамаи онҳо пурра табобат гирифтанд. Вазъият дар ноҳияи Ғозималик низ бад буд, дар ин ҷо 112 нафар бемори вараҷа ба қайд гирифта шуданд ва тамоми онҳо низ табобат гирифта истодаанд."

Оқои Шерхонов ҳамчунин афзуд, аммо тайи чанд соли охир ниҳодҳои беҳдоштӣ дар ҷилавгирӣ аз густариши бемории табларза ба мувафаққиятҳое даст ёфтаанд. Ба гуфтаи у, акнун шумори гирифторони табларза назар ба соли 1997, ки болотарин рақами гирифторон ба ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шуда буд, 45 дарсад камтар шудааст.

Муовини сардухтури Маркази бемориҳои тропикӣ таъкид намуд, яке аз сабабҳои аслии паҳншавии беморӣ афзоиш ёфтани киштзорҳои шолӣ тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон буд. Акнун бо қарори вазорати беҳдошти Тоҷикистон коридани шолӣ дар фосилаи камтар аз 3000 метр аз наздикӣ маҳали маскунӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши табларза мамнуъ шудааст.

XS
SM
MD
LG