Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Панҷакент 300 хайма мефиристад



Тоҳири Сафар



Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия рузи 9-уми июн хабар дод, ки барои осебдидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияи Панҷакент 300 хайма мефиристад.

Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ки ин кумак бо тақозои ҳукумати Тоҷикистон ирсол мешавад. Борону селобаҳои шадид дар ноҳияи Панҷакент боиси марги се нафар ҳалок шуда, 200 нафар бехонаву дар монданд. Дар ин ноҳияи 500 хона зарар дида, 200 манзили дигар зери об шуданд. Дар маҷмуъ дар ноҳияи Суғд ҳудуди 1000 хонаву муассисаҳои давлатӣ ва макотиб осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG