Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Душанбе як итолиёвиро ҷарима кард



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Додгоҳи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе ахиран як тан шаҳрванди Итолиёро ба маблағи баробари 1200 маоши ҳадди аққал ҷарима намуд ва уро дар толори додгоҳ озод кард.

Ин шаҳрвандро, ки номаш Иво Тониут мебошад, додгоҳи нақлиёти Тоҷикистон ба ҷурмҳои қочоқи маводу коло, саркашӣ аз пардохти молиёт, қаллобӣ ва иштиғоли ғайриқонунӣ дар соҳаи тиҷорат муттаҳам намуда буд.

Мақомоти додситонӣ мегуянд, у аз маблағҳои барои анҷоми хадамоти нақлиётӣ ба дастовардааш молиёт напардохтааст. Назар ба маълумоти масъулин, ҷаноби Тониут ба андозаи 540 тонна шакар ба унвони маводи имдодӣ бо истифодаи асноди тақаллубӣ вориди Тоҷикистон намудааст. Дар ҳоле вай эълон доштааст, ки шакарро ба вилояти Бадахшони Тоҷикистон интиқол медиҳад, онро дар шаҳри Душанбе фурухтааст.

Додситонӣ мегуяд фаъолиятҳои Иво Тониут ба Тоҷикистон ба андозаи 120 ҳазор сомонӣ зарар ворид намудааст. Назар ба маълумоти бозҷуӣ, даҳҳо тан муддаъиён гуфтаанд, ки Иво Тониут онҳоро барои иҷрои корҳои гуногун истихдом намуда, ҳаққашонро напардохтааст.

Аммо додгоҳи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе Иво Тониутро танҳо бар пояи моддаи 292 Қонуни ҷазои Тоҷикистон ба ҷурми саркашӣ аз пардохти молиёт муҷрим донистааст ва иттиҳомоти додситониро дар мавриди судури се навъ ҷинояти дигар рад кардааст. Мақомоти додситонии нақлиёти Тоҷикистон мегуянд, алайҳи ҳукми додгоҳ эътироз ироа мекунанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини додгоҳи Роҳи Оҳан агарчӣ судури ҳукми додгоҳро дар мавриди шаҳрванди Итолиё таъйид мекунанд, аз ироаи маълумоти бештар дар мавриди ин қазия худдорӣ меварзанд.

Аммо Иво Тониут, сарвари созмони ҷамъиятии "Душанбе Луҷистик", соли гузашта созмонашро дар Душанбе таъсис кард ва эълон дошт, ҳадафаш аз таъсиси ин ниҳод арзаи кумакҳои башарӣ ба Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG