Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сотиров:"Дар дасти мардум силоҳ зиёд аст"



Раҳматкарими Давлат



Владимир Сотиров - раиси Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон - гуфт, боқӣ мондани теъдоди зиёди силоҳи оташфишон дар дасти афроди ғайринизомӣ як омили нигаронкунанда дар Тоҷикистон мебошад.

Оқои Сотиров, ки бо баҳонаи тамдид шудани замони маъмурияти Дафтари сулҳи СММ дар Тоҷикистон бо хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд, мусоидат дар амри ҷамъоварии силоҳҳо, ки аз замони ҷанги дохилӣ дар дасти мардум боқӣ мондааст, яке аз самтҳои асосии фаъолияти намояндагии СММ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Оғои Сотиров бо зикри мушкилоти умдаи ҷомеаи Тоҷикистон афзуд: "Қабл аз ҳама ба таври умумӣ мавҷуд будани силоҳ дар дасти афрод як фактори муҳими бесуботсозандаи авзо дар ин кишвар мебошад. Омили дигаре, ки метавонад ба суботи ҷомеа халал ворид кунад, талошҳои нокифоя дар муқобила бо ришвахорӣ ва ё коррупсия ва гузашта аз ин сатҳи пасти рушди иқтисод дар Тоҷикистон мебошад. Ва ниҳоят афзоиши кочоқи маводи мухаддир низ аз омилҳои дигари мушкилзо дар ин кишвар аст."

Намояндаи СММ дар Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, фаъол шудани ҳизби мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" низ мояи нигаронӣ барои ояндаи минтақа мебошад.

Оқои Сотиров таъкид намуд, мусоидат ба ҷамъоварии силоҳҳои боқимондаи дасти мардум ва ислоҳоти системаи ҳифзи ҳуқуқ аз нукоти муҳими барномаи фаъолияти дафтари СММ дар Тоҷикистон мебошад. Намояндаи СММ дар Тоҷикистон инчунин таъкид намуд, беҳтар мебуд, агар тарҳи ислоҳоти Қонуни Асосӣ мавриди баррасии умумихалқӣ қарор мегирифт ва ё ҳадди аққал овоздиҳии модда ба модда барои ислоҳоти ин қонун сурат мегирифт. Аммо ҳоло ки чунин ва чунон низ нашудааст, гуфт оқои Сотиров, бо вуҷуди мухолифати нируҳои сиёсӣ ба ислоҳот баргузории референдум наметавонад омили бесуботсозандаи авзои сиёсӣ бошад.

XS
SM
MD
LG