Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 20 миллион доллар қарз мегирад



Искандари Хоҷа Мирзода



Шурои Мудирони Бонки Ҷаҳонӣ барномаи ихтисоси 20 миллион доллар қарз ба Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки ин маблағ барои муҷаҳҳаз гардонидани низоми маорифи Тоҷикистон масраф хоҳад шуд. Аз маблағи ҷудошуда 7 миллион ба ҳайси грант, яъне кумаки бебозгашт ва 13 миллиони боқимонда аз тарафи Иттиҳодияи Байналмилалии Тараққӣ, бахше аз Бонки Ҷаҳонӣ, ҳамчун қарзи имтиёзнок пешкаш мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ умедвор аст, ки иҷрои ин барнома пастравии сатҳи таҳсил дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, хусусан дар синфҳои поёниро боздошта, аз тариқи беҳбуди таъмини китобу дафтар ва дигар таҷҳизоти мактабӣ дар ҳафт ноҳияи Тоҷикистон: Файзобод, Роғун, Дарбанд, Кулоб, Восеъ ва яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе фазои хуби таҳсилро фароҳам меорад.

Дар марҳилаи аввали ислоҳоти низоми маорифи Тоҷикистон дар соли 1999 Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 5 миллион доллар қарз дода буд. Умуман аз соли 1993 ба ин тараф Бонки Ҷаҳонӣ дар барномаҳои гуногуни Тоҷикистон 324 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG