Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 40 гумонбаршударо ба Душанбе фиристод



Абдуқайюми Қайюмзод



Мақомоти додситонии Тоҷикистон мегуянд, соли гузашта барои бори аввал беш аз чиҳил нафар ҷинояткори мавриди таъқиби онҳо дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон мунтақил шуданд. Азизмат Имомов - муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон гуфт, таҳвили афроди боздоштшуда ба Тоҷикистон бар асоси Конвенсияи Минск, аз соли 1993 ва тибқи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст.

Вай мегуяд: "Танҳо соли гузашта аз тарафи кормандони Додситонии генералии Русия 42 нафар ҷинояткоре, ки мо боздошти онҳоро дархост карда будем, дастгир ва ба Тоҷикистон фиристода шуданд."

Оқои Имомов афзуд, ба иллати мушкилоти иқтисодӣ Тоҷикистон наметавонад ҳама шаҳрвандонашро, ки дар кишварҳои муштаракулманофеъ даст ба ҷиноят зада ва боздошт шудаанд, барои бозҷуӣ ва адои ҷазо ба Тоҷикистон биоварад.

Аммо мегуяд Имомов касоне, ки муртакиби ҷинояти вазнин мебошанд, ҳатман ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Муовини додситони кулли кишвар гуфт, бисёре аз муҳоҷирини кории тоҷик, ки теъдодашон аз як миллион бештар тахмин мешавад, бо қавонини Русия ошноӣ надоранд ва ба ҳамин иллат ҷиноят содир мекунанд. Оқои Имомов изофа намуд, мизони ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирини тоҷик дар Русия сол аз сол коҳиш пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG