Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё низомиёни тоҷик Кодекси байналмилалии ахлоқи низомиро риоят мекунанд?



Абдуқайюми Қайюмзод

Коршиносон мегуянд, ҳарчанд рафтори бади низомиёни тоҷик тағйир ёфтааст, вале мардум то ҳол ба онҳо эътимод надоранд.

Масоили ахлоқи низомиён ва равобити он ба вазъи амнияти ҷомиа дар ҳошияи баррасии ҷараёни татбиқи Кодекси байналмилалии ахлоқи низомӣ мавриди баҳси нишасти коршиносони дохиливу хориҷӣ қарор гирифт. Ин нишаст бо ибтикори вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва пуштибонии маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва иштироки намояндагони сохторҳои низомии кишвар, 12 май баргузор гардид.

Александр Кадриану - мушовири масоили сиёсии маркази САҲА дар Тоҷикистон гуфт, риояти иҷрои Кодекси байналмилалии ахлоқи низомӣ барои ҳама кишварҳои узви САҲА, ки Тоҷикистон низ яке аз узви он аст, баробар дониста мешавад. Ҷаноби Кадриану гуфт, Тоҷикистон аз соли 1994 ба ҳайси кишвари узви САҲА Кодекси байналмилалии ахлоқи низомиро пазируфт ва ҳоло фурсат расидааст, бубинем, ки ин кишвар то кадом ҳад тавонист, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин замина иҷро кунад.

Шавкат Исмоилов - раиси Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси Намояндагон гуфт, то чанд соли пеш давлат тавони муқобила бо бархе аз фармондеҳонро надошт. Аммо имруз шароит тағйир хурдааст ва давлат аз болои сохторҳои низомиаш назорати комил дорад. Ҷаноби Исмоилов афзуд, сохторҳои низомии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ ниёз доранд:" Имруз созмонҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, бояд ба мо ҷиҳати омузонидани низомиён ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии онҳо кумак намоянд.

Давлат Назиров - коршиноси тоҷик гуфт, масоили низомӣ ва муносиботи шаҳрвандон бо афроди низомӣ дар Тоҷикистон, аз кишварҳои дигари узви САҲа тафовут дорад. Зеро кишвар тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омадааст.

Вай мегуяд: "Мо ба он нуқтаи кулминатсионие, ки ҳамаҷиҳата мардуми низомии таъмин бошад нарасидем. Аммо аз ҷиҳати рафтору кирдор миёни низомиён мо хеле пешрафт кардем."

Ҷаноби Назиров таъкид бар он дошт, шуруъ аз соли 2000-ум ба хусус пас аз ихроҷи фармондеҳони саркаш аз вазоиф ва ба додгоҳ кашидани қисмати дигари онҳо вазъият дар сохторҳои низомӣ ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфт. Нишасти коршиносони дохиливу хориҷӣ дар робита ба иҷрои татбиқи Кодекси байналмилалии ахлоқи низомӣ 13 апрел дар Душанбе ва рузҳои 15 ва 16 май дар Тошканд пойтахти Ӯзбакистон ба кори худ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG