Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати САҲА Душанберо тарк мекунад



Мирзои Салимпур



Иво Петров - раҳбари собиқи дафтари сиёсии Созмони Милал дар Тоҷикистон ва сафири кунунии Булғористон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе шуруъи фаъолияти ду шабакаи мустақили радиёии Азия Плюс ва Ватан ва оғози нашри ҳафтаномаи мустақили Неруи Суханро аз дастовардҳои қобили мулоҳиза дар роҳи таъмини озодии матбуот дар Тоҷикистон хонд.

Ив Дугрио, сафири Фаронса дар САҲА пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи манъи минаҳои зидди нируҳои пиёданизом иқдоми муҳим гуфт ва афзуд, САҲА поксозии майдонҳои минакоришуда дар ин кишварро бо иттихози 200 000 евро кумаки билоиваз хоҳад кард.

Кристер Брингеус, сафири Шветсия дар САҲА дар Тоҷикистон изҳор дошт, як бахши дигари муҳим дар фаъолияти ин созмон мусоидат ба ҷараёни ислоҳоти сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Оқои Брингаус ҳамкории ин созмон бо мақомоти Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳифозати марзҳо ва дар соҳаи маорифро ситоиш кард, вале афзуд, вуҷуди ҳукми қатл ва истифода аз зуру шиканҷа дар Тоҷикистон мояи нигаронии онҳо шудааст.

Ҳайъати сафирони кишварҳои узви САҲА иборат аз сафирони Булғористону Шветсия ва Фаронсаву Ирландияву Норвегия бо як сафари шиносоӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳукумати ин кишвар хостанд, ба Конвенсияи байналмилалии манъи шиканҷа ҳамроҳ шавад.

XS
SM
MD
LG