Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба Душанбе 900 милён доллар ваъда доданд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Ниҳодҳои кумакрасон изҳори омодагӣ намуданд, ба Тоҷикистон ба андозаи ҳудуди 900 миллион доллар маблағ тахсис бидиҳанд. Ваъдаи додани чунин маблағ натиҷаи мулоқоти машваратии ниҳодҳои кумакрасон аст, ки имруз дар мақари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи Варзоб, 30-километрии шаҳри Душанбе ба поён расид.

Мушовири умури иқтисодии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Холбобоев дар мавриди натиҷаҳои ин нишаст ба хабарнигори радиои Озодӣ чунин гуфт: "Нисбати он барномаҳое, ки мо пешниҳод кардем, бисёр уҳдадориҳои хуб гирифтанд. Онҳо 900 милён доллар ваъда намуданд, ки 700 милён доллари он кумакҳои бебозгаштро ташкил медиҳад ва ин барои мо як мувафаққияти бузург аст. 200 милён доллари дигараш ин барои кумакҳои техникӣ, яъне ки қарзҳои имтиёзнок пешниҳод карда мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин нишаст чандин барномаҳои сармоягузориро пешниҳод намуданд, ки умдатарини онҳо стротежии мубориза алайҳи фақр мебошад. Ин барнома бахшҳои ҳифзи сиҳат, таълиму парвариш ва зистмуҳитиро дар бар мегирад. Мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Урупову Осиё Денис Детрей, ин нишастро пурарзиш хонд ва гуфт акнун ҳам ҳукумат ва ҳам ниҳодҳои кумакрасон бояд бар он кушанд, ки тасмимҳои ин мулоқот амалӣ шаванд. Вай гуфт, ин ҷиноят хоҳад буд, ки тавофуқоти ба дастомада амалӣ нашаванд.

Тафсилоти ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG