Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовирони Русия аз вазорати дифоъ мераванд



Тоҳири Сафар



Ҳукумати Тоҷикистон аз истифодаи мушовирони ҳарбии Русия дар вазорати дифоъи ин кишвар даст кашидааст. Хабаргузории Франс Пресс мегуяд, мақомоти Душанбе ба мушовирони рус гуфтанд, ки дигар ба кумаки онҳо ниёз надоранд.

Як манбаъ дар вазорати дифоъ ба Франс пресс гуфтааст, аз ин ба баъд ҳузури мушовирони ҳарбии Русия дар вазорати дифоъи Тоҷикистон хотима меёбад. Ин манбаъ афзудааст, маоши мушовирони ҳарбии рус гарон аст ва аз ин хотир вазорати дифоъ аз онҳо даст мекашад ва гузашта аз ин Тоҷикистон мехоҳад, артиши мустақил дошта бошад.

Ба навиштаи Франс пресс, 20 афсари баландрутбаи Русия 7 сол боз инҷониб дар ҷараёни таъсиси артиши миллӣ ба низомиёни Тоҷикистон машварат медоданд.

XS
SM
MD
LG